Мутахассиси калони шуъбаи комплаенс полный рабочий день
14 янв 2025 Финансы, банк Душанбе   30 просмотровПодробности вакансии
ҶСП Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷойи корӣ ба вазифаи Мутахассиси калони назорати комплаенс дар Саридораи бонк дар ш.Душанбе эълон менамояд.
Вазифаҳои асосӣ:
Мониторинги талаботҳои БМТ ва қонунҳои марбут ба соҳаи бонкӣ ва баҳодиҳии риоя шудани онҳо;
Пешбурди Феҳристи хавфҳои комплаенс ва назорати он;
Баррасии шикоятҳои мизоҷон бо мақсади муайян кардани ягон номувофиқатӣ дар маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ;
Мониторинги нақшаи солонаи комплаенс ва таъмини иҷроиши онҳо;
Ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҳисобот оид ба омори дахлдор;
Таҳияи доимии барномаҳои омӯзиши комплаенс ва ташкили он ба ҳамаи кормандон;
Кор бо аудиторон ва санҷишгарон ҳангоми санҷишҳои мутобиқати меъёрҳо.
Талаботҳо:
- Дараҷа дар соҳаи бонкдорӣ/молия ё иқтисод;
- Таҷрибаи на камтар аз 3 сол дар муассисаи молиявӣ;
- Донистани қонунҳо дар бораи фаъолияти бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
- Донистани равандҳои маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ;
- Таҷриба дар низоми идоракунии комплаенс;
- Таҷриба дар Microsoft Office (Word, Excel, PowerPoint);
- Дониши мукаммали забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- Заминаи қавии таҳлили оморӣ;
- Маҳорати ҳалли мушкилот;
- Маҳорати муаррифӣ (презентатсия).
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба почтаи hr@icb.tj на дертар аз 31 январи соли 2025 ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои интихобшуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.