Мутахассиси қарздиҳӣ дар ш. Ҳисор полный рабочий день
6 янв 2025 Финансы, банк Гиссар   18 просмотровПодробности вакансии
ҶДММ ТҚХ ОКСУС яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд. OXUS Group инчунин дигар ташкилотҳои фаръӣ низ дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд. ҶДММ ТҚХ ОКСУС, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.
Вазифа: Мутахассиси қарздиҳӣ
Ҷойи фаъолият: МХМХ-и ОКСУС дар ш. Ҳисор (3 ҷой)
Вазифаҳои асосӣ:
Тадқиқот/ пайдо намудани муштариёни эҳтимолӣ;
Ба имзо расонидани шартномаҳо, тақсими қарзҳо, назорати пардохти қарзҳо.
Мониторинг(назорат)-и мизоҷон.
Талаботи тахассусӣ:
Маълумоти олӣ;
Маҳорати иртиботии хуб. Бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳарф задан.
Таҷрибаи кор дар ташкилоти қарзӣ афзалият дорад.
Малакаҳои шахсӣ, қобилияти кор дар як даста;
Ҳисси баланди масъулият.
Шароити корӣ:
Пардохти алоқаи мобилӣ;
Сари вақт гирифтани музди меҳнат;
Омӯзишҳо ва тренингҳо;
Имконияти болоравии мансабӣ.
Ба занҳо афзалият дода мешавад.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номи вазифаи холӣ ба суроғаи зерин дастрас намоянд:ш. Душанбе, кучаи Шарқ 14, гузаргоҳи 2-юм ё ин ки ба почтаи электронӣ ирсол намоед: ozoda.abbosova@oxus-tj.org, тел: 989510010
Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаҳо то 20 январи соли 2025.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯ ҳастанд, барои иштирок дар мусоҳиба даъват карда мешаванд.