Авторизуйтесь, чтобы получить быстрый доступ к лучшим предложениям. Нажмите сюда, если у вас нет аккаунта.

Мутахассиси шуъбаи назорати дохила полный рабочий день

2 янв 2025   Финансы, банк   Бохтар (Курган-Тюбе)   41 просмотров
Подробности вакансии

ҶДММ Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди ФУРӮЗ аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад. ФУРӮЗ дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ аз рӯи қарзҳои додашуда дар ҷойи шашум мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозорро аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад. Дар Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд ФУРӮЗ зиёда аз 180 корманд дар Саридораи ш.Бохтар ва дар 8 марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.

Вазифаи кор:

Санҷиш ва баҳодиҳии системаи назорати дохилии ташкилот, арзёбии самаранокии равандҳо ва расмиётҳои назорати дохилӣ;

Санҷиши мувофиқати ҳуҷҷатҳои дохилии ташкилот ба қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мутобиқати онҳо;

Санҷиши боэътимодии системаи назорати дохилӣ барои истифодаи системаҳои автоматии иттилоотӣ;

Санҷиши дурустӣ, пуррагӣ, объективӣ ва саривақтии баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин саҳеҳӣ ва саривақтии ҷамъоварӣ ва пешниҳоди иттилоот ва ҳисоботҳо.

Талабот:

Маълумоти олӣ (дар соҳаи иқтисод ё молия афзалият дониста мешавад);

Дониши хуби забонҳои точикӣ, русӣ (навиштан ва муошират намудан);

Маҳорати хуби муошират ва кори якҷоя дар дастаи кормандон;

Малакаҳои хуби компютерӣ (Word/Excel).

Қобилияти корбарӣ дар муҳити тағирёбанда ва сафарҳои хизматӣ рафтан;

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи ТАҚХ Фурӯз дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.

Телефон барои маълумот: 918 35 08 48, 7272

Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.

Описание компании
Microcredit Deposit Organization FURUZ LLC has been providing micro and medium loans in Tajikistan since March 2006. FURUZ ranks sixth among lending institutions in terms of loans disbursed, and in some districts has gained up to 15% of the market share. FURUZ's mission is to provide loans for the development of small and medium businesses and job creation. More than 160 employees work in FURUZs Head Office in Bokhtar city and in other service centers across the country. The founders of the organization are from Europe, USA and Singapore.