Авторизуйтесь, чтобы получить быстрый доступ к лучшим предложениям. Нажмите сюда, если у вас нет аккаунта.

Сардори шуъбаи кор бо банкоматҳо, МХМХ ва низомҳои интиқолӣ полный рабочий день

12 дек 2024   Финансы, банк   Душанбе   43 просмотров
Подробности вакансии

ҶДММ ТАҚҲ Пайванд Гуруҳ ба вазифаи Сардори шуъбаи кор бо банкоматҳо, МХМХ ва низомҳои интиқолӣ ба кор даъват менамояд

Вазифаҳои гузошташаванда.

Назорати фаъолияти марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурди ташкилот, назорат ва ба роҳ мондани хизматрасонии интиқоли маблағҳо, назорати кори банкоматҳо ва пос-терминалҳо ва инчунин муайян ва таҳия намудани маҳсулотҳои нави бонкӣ ва манбаҳои даромаднокии безарари он ва ғ.

Талаботҳо:

- дорои маълумоти олӣ (иқтисодӣ);

- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод;

- доштани дониши кофӣ оид ба қонунгузории ҶТ ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон;

- собиқаи кории на камтар аз 1-сола дар низоми бонкӣ;

- забони корӣ ҳангоми муошират тоҷикӣ, русӣ (сатҳи баланд) ва англисӣ (афзалият дорад);

- истифодабарии барномаҳои компютерӣ дар фаъолияти корӣ MS Word, MS Eхcel ва барномаҳои автоматикунонидашудаи бонкӣ (сатҳи баланд);

-Малакаи хуби кор бо мизоҷон, банақшагирӣ, худомӯзӣ афзалият дорад.

Хусусиятҳои шахсӣ: малакаи корӣ дар гуруҳ, бо интизомӣ, бодиққатӣ, масъулиятнокӣ, ростгӯӣ, маҳорати хуби муоширатӣ (фаҳмондадиҳӣ), поквиҷдонӣ, боиродагӣ, муоширати хуб бо мизоҷон дар ҳама ҳолат, дар ҳолатҳои мураккаб кор карда тавонистан ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии худ.

Шартҳо:

Ҳафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа

Музди меҳнати хуби шартномавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ (баландшавии музди меҳнат вобаста ба собиқаи кории ҳар сола, дастгирии иҷтимоӣ дар ҷашну маросимҳо, пардохти моҳонаи алоқаи мобилӣ)

Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хоҳишмандон метавонанд Резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj то санаи 10.01.2025 сол ирсол намоянд.

Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои тахассусии дар боло муқарраршуда ҷавобгӯ ҳастанд.

Описание компании
Фаъолияти бонкӣ