Мутахассис дар шуъбаи амалиётҳои асъорӣ ва танзими асъорӣ полный рабочий день
12 дек 2024 Финансы, банк Душанбе   47 просмотровПодробности вакансии
ҶДММ ТАҚҲ Пайванд Гуруҳ барои ишғоли вазифаи мутахассис дар шуъбаи амалиётҳои асъорӣ ва танзими асъори мудирияти муносибатҳои байналхалқӣ ва хазинадорӣ довталабонро ба кор даъват менамояд.
Уҳдадориҳои асосӣ:
Ҷамъоварии маълумоти оиди қурби асъор дар бозори дохила ва таҳлили бозори асъор ва дар асоси он муайян намудани қурби асъор дар ташкилот.
Омода намудани қурби асъор ва пешниҳоди он барои тасдиқ ба роҳбарият. Ирсоли қурби бонк ба сохторҳои дахлдори ташкилот;
Назорат ва муайян намудани мавқеъи асъор;
Пешгӯии мавқеъи асъор дар асоси аҳдҳои эҳтимолии хариду фурӯши асъор аз ҷониби мизоҷон ва муайян намудани ҳаҷми хариду фурӯши асъор дар ташкилот дар давоми рӯз.
Омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ирсоли он ба сохторҳои дахлдор барои ба фурӯш баровардани асъори хориҷа дар ташкилот.
Ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оиди воридоти эҳтимолии маблағи нақд ба ташкилот аз ҷониби мизоҷони ташкилот тариқи хазина ва суратҳисобҳои ташкилот ва дар асоси он пешгӯии бақияи маблағи нақд ва тақсимоти он вобаста ба зарурият (пур кардани провайдерҳо, банкоматҳо ва қонеъ гардонидани талаботи мизоҷони ташкилот ба маблағи нақд).
Таҳлил ва пешгӯӣ талаботи маблағи нақд дар ташкилот.
Назорати бақияи суратҳисобҳои ташкилот дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ;
Таҳлили гардиши пули нақд дар МХМХ-ҳо ва муайян намудани ҳадди ақал ва ниҳоии бақияи маблағи нақд дар МХМХ-ҳо дар охири рӯз.
Хизматрасонӣ ба мизоҷони ғайрирезидент;
Таҳлил ва пешниҳоди маълумот ба роҳбарият оид ба бақияи маблағҳои пули нақд дар хазина ва ҳисобҳои муросилотии ташкилот;
Оид ба фурӯши пули нақд бурдани гуфтушунидҳо бо бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ;
Пешбурди гуфтушунид барои ҳамкорӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои кушодани ҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ;
Равон намудани пули нақд ба бонкҳо барои пур намудани ҳисобҳои муросилотии ташкилот;
Таҳия намудани гузориш, фармоиш ва супоришномаҳо, ки аз фаъолияти мудирият бармеоянд;
Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ташкилот;
Талаботҳои асосӣ:
Маълумоти олии иқтисодӣ;
Таҷрибаи корӣ на кам аз 1-сола дар соҳаи бонкӣ;
Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ (англисӣ афзалият дорад)
Қобилияти робитасозӣ ва муошират;
Саводнокии компютерӣ (Word, Excel, PowerPoint, Internet, Outlook,) ва барномаҳои бонкӣ.
Шартҳо:
Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа
Музди меҳнати хуби шартномавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ (баландшавии музди меҳнат вобаста ба собиқаи кории ҳар сола, дастгирии иҷтимоӣ дар ҷашну маросимҳо, пардохти моҳонаи алоқаи мобилӣ)
Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хоҳишмандон метавонанд Резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj то санаи 10.01.2025 сол ирсол намоянд.
Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои тахассусии дар боло муқарраршуда ҷавобгӯ ҳастанд.