Мутахассиси калони шӯъбаи маркетинг полный рабочий день
13 дек 2024 Финансы, банк Душанбе   54 просмотровПодробности вакансии
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия LOLC Central Asia Private Limited ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифати молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифаи: Мутахассиси калон оид ба маркетинг
Ҷои фаъолият: ш.Душанбе (Саридора)
Вазифаҳои асоси:
Иштирок дар ташаккули стратегияи маркетинги ташкилот
Ташкили макет барои маводҳои таблиғотии чопшуда, саҳифаҳои интернетӣ, маҳсулоти намояндагӣ ва сувенирӣ
Омода намудани релизҳои матбуотӣ ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба фаъолияти ташкилот барои ҷойгиркунии онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО;
Кор бо вебсайти берунии ва саҳифаҳои расми дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкилот: мундариҷаи матнӣ ва графикӣ;
Кор бо пудратчиён (интихоб, бастани шартномаҳо, назорати сифат ва мӯҳлати таҳвили маҳсулот);
Ташкили иртибототи маркетингӣ ва маъракаҳо барои таблиғи маҳсулот ва хизматрасонии ташкилот;
Таъмин ва тақсимоти минбаъдаи маводи маркетингӣ;
Ташкили тадқиқоти маркетингӣ ва иҷтимоӣ;
Иштирок дар таҳияи маҳсулоти нави бонкӣ;
Дар интихоб ва татбиқи усулҳои инфиродии пешбурди маҳсулот ва хидматҳо ташкилот иштирок намудан;
Таҳлили соҳаи бонкдорӣ, инчунин дар омӯзиши фаъолияти рақибон дар соҳаи пешбурди маҳсулот ва хизматрасонӣ ташкилот;
Коркарди дархостҳои мизоҷон тавассути каналҳои гуногуни дастрасии мизоҷон (Viber, Online чат, E-mail ва ғ.);
Талаботҳои тахассусӣ:
Маълумоти олӣ;
Таҷриба дар соҳаи маркетинг ва таблиғ (бартарӣ кор дар бахши бонкӣ);
Фаҳмидани бозори таблиғ, каналҳои таблиғотии офлайн ва онлайн, малакаи кор бо маводи таблиғотӣ;
Донистани барномаҳои компютерӣ (MS Office), корбари ботаҷрибаи Интернет;
Дониши касбии барномаҳои графикӣ: Adobe Illustrator, Photoshop, InDesign;
Суханронии салоҳиятноки хаттӣ ва шифоҳӣ, малакаҳои муоширати корӣ, ташаббускорӣ, ба натиҷа нигаронидашуда, омодагӣ ба кор дар реҷаи бисёркорӣ
Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ба забони англисӣ афзалият дода мешавад;
Шароити хуби кори:
Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
Пардохти алоқаи мобилӣ;
Омузишҳо ва тренингҳо;
Имконияти болоравии мансабӣ.
Ба занҳо афзалият дода мешавад.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180.
Муҳлати охирин барои қабули CV то 07 январи соли 2025.
Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.