Мутахассиси робита бо мизоҷони қарзҳои чакана полный рабочий день

17 июн 2025   Финансы, банк   Душанбе   111 просмотров
Подробности вакансии

ҶСП Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси робита бо мизоҷони қарзҳои чакана барои МХБ дар ш. Душанбе ва Турсунзода эълон менамояд.

Мутахссиси робита бо мизоҷони чакана барои барпо кардан ва нигоҳ доштани муносибатҳои мустаҳкам бо мизоҷони Бонк, таъмини қаноатмандии баланди мизоҷон ва садоқати мизоҷон, масъул аст. Ин нақш ҳалли дархостҳои мизоҷон, ҳалли мушкилот ва расонидани дастгирии инфиродӣ барои кӯмак ба мизоҷон дар расидан ба ҳадафҳои молиявии худро, дарбар мегирад.

Талаботҳо:

Маълумоти олӣ дар иқтисод, молия, бонкдорӣ ё дигар соҳаҳои алоқаманд;

Таҷрибаи на камтар аз 3 сол дар соҳаи бонкдорӣ, беҳтараш дар қарздиҳӣ ба мизоҷони хурду миёна/корпоративӣ

Саводнокии компютерӣ;

Шиносоӣ бо қонунгузории маҳаллӣ;

Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

Малакаҳои хуби риёзӣ ва таҳлилӣ;

Муоширати хуб ва пешбурди малакаҳо.

Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд. Номгӯи вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ ҳатман ишора намоед.

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 24 июни соли 2025.

Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Описание компании
Бонк бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои шумо ҳамчун шарики рушд маҷмуи хизматрасониҳои бонкиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд. Хизматрасониҳои бонкӣ: қарзҳо, интиқоли маблағ, амонат, кортҳои бонкӣ, интернет- банкинг, ҳамёни мобилӣ ва ғайра.