Хазиначӣ дар ш.Душанбе полный рабочий день

5 авг 2025   Финансы, банк   Душанбе   81 просмотров
Подробности вакансии

Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии Хазиначӣ дар ш.Душанбе эълон менамояд.

Мутасаддии ин вазифа масъули қабули захираи пули нақд ва пардохтҳо аз/ба мизоҷони бонк барои бозпардохти қарз ва пур кардани суратҳисобҳои амонат мувофиқ бо пардохт ва ҳуҷҷатҳои суратҳисоб; нигоҳ доштани хизматрасонии мизоҷон дар сатҳи касбии баланд мебошад.

Талаботҳо:

Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё муҳосибот;

На камтар аз 2 сол таҷрибаи корӣ дар вазифаи хазиначӣ;

Маҳорати хуби риёзӣ;

Маҳорати хуби кор бо компютер;

Дар сатҳи олӣ донистани забони тоҷикӣ; Дар сатҳи хуби корӣ донистани забони русӣ; донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.

Малакаҳои хуби муошират.

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj то 12 август соли 2025 ирсол намоянд.

Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Описание компании
Бонк бо таваҷҷуҳ ба ниёзҳои шумо ҳамчун шарики рушд маҷмуи хизматрасониҳои бонкиро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд. Хизматрасониҳои бонкӣ: қарзҳо, интиқоли маблағ, амонат, кортҳои бонкӣ, интернет- банкинг, ҳамёни мобилӣ ва ғайра.