Коромӯз дар шуъбаи аудити дохила полный рабочий день

18 мар 2025   Финансы, банк   Душанбе   44 просмотров
Подробности вакансии

ҶДММ ТАҚХ ФУРӮЗ аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш.Душанбе, ш.Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз рӯи қарзҳои додашуда дар ҷойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст.

Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.

Шумо бомасъулияту меҳнатдӯст ҳастед ва мехоҳед дар соҳаи аудит рушд намоед, мо омода ҳастем номзадии Шуморо баррасӣ намоем!

Шароит/имкониятҳо:

Имконияти корро бо таҳсил давом додан дар давраи коромузӣ (барои шахсоне, ки ғоибона таҳсил мекунанд);

Гирифтани таҷрибаи амалӣ аз рӯзи аввали корӣ;

Коромузии пурраи музднок бо кори минбаъда дар ҳайати Ташкилот;

Ҳаёти ҷолиби корпоративӣ.

Талабот:

Таҳсилоти олии молиявӣ-иқтисодӣ ё таҳсилоти нопурра бо имконияти тамоми рӯз кор кардан;

Хоҳиши рушд намудан дар соҳаи аудит ва омодагӣ ба омӯзиш дар ин соҳа;

Донистани талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, ки фаъолияти ташкилотҳои молиявиро танзим мекунанд, бартарият аст;

Дониши хуби забони давлатӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ бартарият аст);

Омодагӣ ба сафарҳои корӣ ба воҳидҳои сохтории Ташкилот;

Қобилияти истифодабарии компютерҳо ва таҷҳизоти идоравӣ;

Истифодабарии боэътимоди бастаи MS Office.

Вазифаҳои асосӣ:

Иҷрои супоришҳои инфиродӣ бо мақсади ҳалли вазифаҳои аудиторӣ ва дигар супоришҳо марбут ба фаъолияти Шуъбаи аудити дохилӣ;

Таҳти роҳбарии аудитор дар санҷишҳои аудиторӣ иштирок намудан;

Иҷрои амалҳои аудиторӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳо, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот;

Кумак ба аудитор дар ҷамъбаст ва ҳуҷҷатгузории натиҷаҳои аудиторӣ.

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифа Коромӯз дар Шуъбаи аудити дохила ва ё ба Саридораи ТАҚХ ФУРӮЗдар шаҳри Бохтар, к. Айнӣ 27 ё ш.Душанбе, к. С.Шерозӣ 11/1 пешниҳод намоянд.

Телефон барои маълумот: 988 22 02 91.

Описание компании
Microcredit Deposit Organization FURUZ LLC has been providing micro and medium loans in Tajikistan since March 2006. FURUZ ranks sixth among lending institutions in terms of loans disbursed, and in some districts has gained up to 15% of the market share. FURUZ's mission is to provide loans for the development of small and medium businesses and job creation. More than 160 employees work in FURUZs Head Office in Bokhtar city and in other service centers across the country. The founders of the organization are from Europe, USA and Singapore.