Работник общественного здравоохранения полный рабочий день

19 авг 2025   Медицина, фармацевтика   Душанбе   78 просмотров
Подробности вакансии

РОО Афиф объявляет конкурс на замещение вакантных должностей работников общественного здравоохранения в рамках Проекта по ликвидации ТБ в Таджикистане.

Регион: г. Душанбе (4 вакансии), р. Гиссар (1 вакансия), р. Турсунзаде (1 вакансия), р. Рудаки (1 вакансия)

Кандидаты могут направить письмо заинтересованности и резюме на нижеследующий электронный адрес: tajikistan@afif.tj

ТҶҶ Афиф барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаи кормандони тандурустии ҷамъиятӣ дар доираи Лоиҳаи бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон озмун эълон мекунад.

Тавсиф: Ҳадафи Лоиҳа пешбурди қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок, барои баланд бардоштани сатҳи ташхиси барвақтии бемории сил, қатъ кардани давраи интиқоли сироятӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба табобати ҳамаи шаклҳои беморӣ ва баланд бардоштани сатҳи шифоёбӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мӯҳлати фаъолият: Аз моҳи августи соли 2025 то июли соли 2026

Минтақаҳои фаъолият: шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Хисор, Турсунзода ва Рудакӣ (НТҶ):

Шаҳру ноҳияҳоШумораи кормандон
ш. Душанбе (н. Шоҳмансур, н. Сино, н. И. Сомонӣ, н. Фирдавсӣ)

4

н. Ҳисор

1

н. Турсунзода

1

н. Рӯдакӣ

1

Тавсифи ӯҳдадориҳои вазифавӣ:

Ҳадафи асосии ӯҳдадориҳои иловагӣ ин ҷалби ҷомеа ба чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани дарёфт ва табобати бемории сил, инчунин пешгирии беморӣ бо ёрии шабакаи муқарраршудаи кормандони соҳаи тиб ва ихтиёриён, ва бахусус ҷорӣ намудани Варақаи Инфиродӣ (ВИ) дар сатҳи КАТС мебошад:

Таъмини мавҷудияти Варақаҳои Инфиродӣ;

Омӯзиши кормандони КАТС оид ба пур кардани Варақаи Инфиродӣ;

Мониторинги сифати пур кардани Варақаи Инфиродӣ;

Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо ва фаъолиятҳо байни СЭС, КАТС ва МҲАБС;

Ҳамоҳангсозии расонидани кӯмаки иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ;

Таъмини мавҷудияти шакли Варақаи Инфиродӣ дар КАТС барои пур кардан;

Санҷиши дурустии маълумоти воридшуда ҳангоми пур кардани Варақаи Инфиродӣ аз ҷониби кормандони КАТС;

Муқоиса кардани рӯйхати беморони сил бо маълумоти МҲАБС ва СЭС;

Гирифтани рӯйхати шахсони алоқаманд аз СЭС барои ҳар як ҳолати индексӣ;

Мусоидат ба пур кардани Варақаи инфиродӣ аз ҷониби кормандони КАТС барои ҳар як шахси алоқаманди гирифтори бемории сил, диабети қанд ва

шахсоне, ки ба бемории шадили роҳҳои нафас зуд-зуд гирифтор мешаванд;

Сари вақт пешниҳод намудани Варақаи Инфиродии пуркардашуда ба мутахассиси вориди маълумот дар ташкилот;

Пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯзаи мухтасари тавсифӣ ба намояндаи (менеҷери зермиллии) Лоиҳа оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон оид ба шумораи Варақаҳои Инфиродии пуркардашуда барои ҳар як алоқаманди бемории сил, бемори гирифтори диабети қанд ва шахсоне, ки ба бемории шадили роҳҳои нафас зуд-зуд гирифтор мешаванд;

Пешниҳоди ҳармоҳаи пурсишномаи пуркардашуда оид ба баҳодиҳии ниёзҳои бемор барои ҳар як ҳолати нав то анҷоми табобат.

Ҳисоботдиҳӣ: Корманди тандурусти ҷамъиятӣ бевосита ба мутахассиси лоиҳаи ТҶҶ Афиф ҳисобот медиҳад.

Талаботҳои асосӣ ба номзадӣ:

сокини маҳаллии ноҳияҳои номбурда;

соҳиби маълумоти тиббӣ (хатмкунандаи Донишгоҳи тиббӣ ё Коллеҷи тиббӣ);

донистани хуби забони тоҷикӣ, (забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба инобат гирифта мешавад);

доштани малакаҳои асосии кор бо компютер;

шахсияти хушмуомила, боэҳтиром ва дорои малакаи хуби муоширатӣ;

нафароне, ки худ бемории силро аз сар гузаронида, аз он комилан шифо ёфтаанд, инчунин метавонанд номзадии худро барои ин вазифа пешкаш намоянд.

Номзадҳо метавонанд ба суроғаи электронии tajikistan@afif.tj ё ба идораи ТҶҶ Афиф дар суроғаи, ш. Душанбе, кӯчаи М. Раҳимӣ, бинои 11, утоқи 230, мактуби таваҷҷӯҳ, резюме ва тавсияномаи худро ирсол намоянд.

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди хуҷҷатҳо 25 августи соли 2025 то соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Танҳо номзадҳои ба рӯйхати пешакӣ воридшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Телефон барои маълумот: +992 93 5832578

Описание компании
Республиканская общественная организация Афиф (РОО Афиф), деятельность которой направлена на осуществление общественно полезной, социальной, медицинской, информационной, образовательной и исследовательской деятельности.