Мутахассис оид ба назорати дохилӣ полный рабочий день

27 мар 2025   Финансы, банк   Душанбе   69 просмотров
Подробности вакансии

Уҳдадориҳои асосӣ:

Таҳлил кардани фаъолияти амалиётии ташкилот барои муйянкунии хавфҳо ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба пешгирӣ ва камкунии хавфҳои муайяншуда;

Ташкил ва ҳамоҳангсозии санҷишҳои сайёри зерсохторҳои амалиётӣ дар тамоми самтҳои фаъолият, ҳамоҳангсозии фаъолияти мутахассисони Назорати Дохилиро ҳангоми санҷишҳои сайёр;

Ҳамоҳангсозӣ ва иштирок дар гузаронидани санҷишҳои/таҳқиқҳои махсус ва дохилӣ мутобиқи дархости Роҳбарияти ТАКХ ФИНКА;

Гузаронидани таҳлили сабабу ҳолатҳое, ки боиси қаллобӣ гардидаанд, тавсияҳо ба роҳбарият дар бораи ҷорисозии тағйиротҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани ташкилот аз такрорёбии чунин ҳолатҳо;

Мониторинг ва назорати ислоҳи эродҳо мувофиқи нақшаи таҳияшудаи амалҳо дар бобати бартарафкунии норасоиҳо аз ҷониби зерсохторҳои амалиётӣ аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда;

Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои ниҳоӣ ба Менеҷери зерщуъба доир ба муҳокимаи ҳисоботҳои пешакӣ.

Талабот нисбати номзадон:

Таҳсилоти олӣ дар соҳаи Бизнес, Молия, Иқтисодиёт, Менеҷмент ва ё таҳсилоти ҳамарзиш.

Таҷрибаи кории на камтар аз 2-сола дар соҳаи бонкдорӣ, идораи назорати дохилӣ, аудити дохилӣ, аудити мусьақил, комплаенс, идоракунии хавфҳо дар соҳаи бонкдорӣ.

Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмист. Донистани забонҳои ӯзбекӣ ва англисӣ пазируфта мешавад.

Малакаҳои таҳия намудани ҳисоботҳои техникӣ ва малакаи кор дар компютер;

Қобилияти таҳлилӣ ва ташкилӣ;

Малакаҳои хуб дар соҳаи молия, муҳосибот, саводнокии компютерӣ ва қобилияти таҳлилӣ;

Маҳорати зудомӯзӣ ва омӯзонидани кормандони дигар.

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 08 апрели соли 2025 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Рассулов 9, идораи ТАҚХ ФИНКА ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (44) 6002323

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!

Описание компании
ООО МДО "ФИНКА" предоставляет микрокредиты и финансовые услуги предпринимателям малого бизнеса в 26 регионах Республики Таджикистан и планирует активное расширение деятельности и регионального присутствия, а также внедрение новых банковских продуктов. ООО МДО "ФИНКА" является дочерней компанией FINCA Impact Finance (г. Вашингтон, округ Колумбия, США), в которую входят 16 микрофинансовых учреждений и банков, расположенных по всему миру.