Ёвар оид ба пеш бурдани фаъолиятҳои тандурустӣ полный рабочий день
28 мар 2025 Медицина, фармацевтика Душанбе 56 просмотровПодробности вакансии
Мӯҳлати пешкаши дархост: | То 11 апрели 2025 сол. |
Маълумоти касбӣ: | Маълумоти миёнаи тиббӣ. На кам аз 5 сол таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос. |
Макони ҷойгиршавӣ: | шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат |
Навъи шартнома: | Шартнома барои пешкаши хизматрасонии муваққатӣ. |
Шартҳои кор | Май-июн, 2025 |
Good Neighbors International дар РТ созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея таъсис ёфтааст. Good Neighbors International дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors International дар РТ (GNIT) аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. GNIT бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд.
Good Neighbors барои аз байн бурдани гуруснагӣ дар ҷаҳон, ки дар он ҳамаи одамон метавонанд бо ҳам дӯстона ва дар якҷоягӣ зиндагӣ кунанд, фаъолият дорад. Good Neighbors ҳуқуқҳои ҳамсоягони худро, ки аз гуруснагӣ, камбизоатӣ, офатҳо ва ситам азият мекашанд, эҳтиром намуда, барои ба фардои дурахшон устувор қадам мондан ва барои амалӣ гардидани орзуҳои онҳо кумак менамояд.
Дар мувофиқа бо рисолати мо, Good Neighbors International боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors International нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси то синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.
Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолони GNIT ӯҳдадориҳои GN-ро оид ба муҳофизат нишон дода, масъалаи ҳимоят аз истисмори шаҳвонӣ ва сӯиистифодаро (PSEA) махсус таъкид мекунад ва он сиёсати ҳифзи кӯдаки GN-ро, ки соли 2013 таҳия гардидааст, тақвият мебахшад. GN нисбат ба ҳама гуна амалҳое, ки боиси расонидани зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ ва/ё равонӣ, зӯроварӣ, истисмори онҳое, ки мо бо онҳо кор мекунем мегардад, таҳаммулнопазир аст, зеро мо манфиатҳои беҳтарини ҷомеаро ҳамчун афзалиятҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобем. https://www.goodneighbors.org/who/account
Дар доираи фаъолияти худ, ташкилот тасмим гирифтааст, ки ташхиси ҳамасолаи тиббии кӯдакони сарпарастро, бо мақсади муайян намудани вазъи саломатии онҳо гузаронад. Ташкилот мутахассиси баландихтисосро барои пеш бурдани фаъолиятҳои шуъбаи тандурустӣ ба кор қабул мекунад.
Вазифаҳои асосӣ
Ташкил ва гузаронидани ташхиси тиббии кӯдакони сарпарастшавандаи ташкилот, тибқи реҷаи муайяншуда;
Таъмин намудани иштироки кӯдакони сарпарастшаванда барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ;
Тартиб додани ҳисобот ва ба низом овардании ҳуҷҷатгузории муқарраршудаи фаъолиятҳои шуъбаи тандурустӣ. Омода намудани ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолиятҳои пешбурда;
Таҳлили натиҷаҳои ташхиси тиббии кӯдакони сарпарастшаванда аз рӯи рӯйхатҳои кӯдакон баъди ташхис;
Ворид намудани базаи маълумот дар компютер.
Талаботҳои асосии хизматӣ
Маълумоти миёнаи тиббӣ. Шаҳодатномаи хатми курсҳои ихтисосӣ ба монанди тибби оилавӣ;
Таҷрибаи корӣ на камтар аз панҷ сол аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикршуда;
Дорои малакаҳои роҳбарикунанда;
Қобилияти хуби муошират бо шарикони барнома, баҳрабарандагон, волидайн, коркунони барнома;
Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ , ӯзбекӣ. Донистани забони англисӣ ба назар гирифта мешавад;
Дониши хуби истифодаи компютер: MS Word, MS Excel, MS Power Point;
Саҳеҳӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи ҳатмии реҷаи кории муқарраршуда.
Нафарони хоҳишманд метавонанд ахборотро оиди таҷрибаи кории худ дар формати ташкилоти Good Neighbors GNT-Application-Formпуркардаба суроғаи электронии ташкилотgnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.org то санаи 11апрели соли 2025 ё ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, кӯчаи Гурминҷ Завқибеков 34/3 пешниҳод намоянд.
Нафароне, ки ҳуҷҷат пешниҳод мекунанд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридора дар Душанбе, ба суроғаи дар боло зикр шуда пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳо баъди санаи дар боло зикр шуда қабул карда намешаванд.
Пешкаши тавсияномаҳо ҷолиби диққат мебошад.
Описание компании
Good Neighbors exists to make the world a place without hunger, where people live together in harmony. Good Neighbors respects the human rights of the most vulnerable regardless of age, gender, culture, ethicity, disability and religion and helps them live in self-reliance.
In alignment with our mission, Good Neighbors believes that all peoples human rights should be respected, and we recognize that we have a responsibility to protect their rights and to prevent any form of harm. Therefore, Good Neighbors has zero-tolerance towards any action that leads to the physical, sexual and/or psychological harm, violence, exploitation and emotional abuse especially for children (any person under the age of 18), women and vulnerable adults.
Safeguarding and Protection from Sexual Exploitation and Abuse (PSEA) is everyones shared responsibility and all GN employees and partners are required to adhere to GNs Code of Conduct both during and outside working hours. Familiarization with and adherence to the GN Safeguarding Policy and Code of Conduct is an essential requirement of all employees and partners, in addition to related mandatory training. All employees and partners must ensure that they understand and act in accordance with this clause, please see https://www.goodneighbors.org/who/account .
Good Neighbors International in Tajikistan (GNIT) has been working in Tajikistan since 1998. The objective of GNIT is to improve the lives of people, especially children through education, community as well as emergency relief projects. GNIT is working with the key stakeholders such as Ministry of Education, Ministry of Health, Ministry of Labor and migration, Committee of Women Affairs, Local authorities, INGOs UN and donor agencies such as, EU, GIZ, UNICEF, WFP, and others in an integrated approach to connect poor and vulnerable communities to quality education, health, water and sanitation services.