Хазинадор дар филиали н.Қубодиён полный рабочий день
13 мар 2025 Финансы, банк Кабодиён 20 просмотровПодробности вакансии
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
Ба мизоҷони ТАҚХ ФИНКА бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;
Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;
Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;
- Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;
- Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;
- Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои ифтитоҳдиҳанда (инаугуратор) ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.
- Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;
Ихтисоси матлуб:
- Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;
- Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;
Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);
Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;
Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;
- Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;
Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 27 марти соли 2025 ба суроғаи н. Қубодиён, кӯч. И. Сомони 208 ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: 93 119 3196
Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!