Авторизуйтесь, чтобы получить быстрый доступ к лучшим предложениям. Нажмите сюда, если у вас нет аккаунта.

Сармуҳосиб полный рабочий день

6 янв 2025   Бухгалтерия, аудит   Душанбе   67 просмотров
Подробности вакансии

ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш LOLC Central Asia Private Limited ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босамар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.

Вазифа: Сармуҳосиб

Ҷои фаъолият: ш.Душанбе (Саридора)

Вазифаҳои асосӣ:

Идоранамоии муҳосиботи ташкилот;

Пешбурди баҳисобгирии бухгалтерӣ ва баҳисобгирии идоравии ташкилот;

Банақшагирии пардохти андозҳо;

Ташкили гузаронидани инвентаризатсия;

Омодасозӣ ва ирсоли ҳисоботҳои бухгалтерӣ, андоз ва дигар ҳисобҳо марбут ба муҳосибот;

Коркарди сиёсати баҳисобгирӣ ва регламентҳои баҳисобгирӣ;

Ташкили системаи ҳуҷҷатгузории дақиқ ва гардиши ҳуҷатҳои электронӣ;

Ҳамкори бо санҷишгарони беруна;

Ҳамкори бо бонкҳои хизматрасон;

Ҳамкори бо аудити беруна ва Кумитаи андоз;

Дигар вазифаҳо дар вақти мусоҳиба дақиқ фаҳмонида мешаванд.

Талаботҳои тахассусӣ:

Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ, баҳисобгирӣ, аудит)

Таҷрибаи кори на камтар аз 4-сол дар муҳосибот (Сармуҳосиб/Ҷонишини сармуҳосиб/Муҳосиби калон);

Донистани ҳамаи самтҳои муҳосибот дар ташкилоти қарзӣ;

Донистани қонунгузори дар самтӣ андоз, баҳисобгирӣ;

Малакаи қабули дурусти қарорҳо ва пайдо намудани ҷавобҳои саҳеҳ ба саволҳои бамиёномада;

Муносибати созанда (конструктивный подход) барои ҳалли мушкилиҳо;

Донистани барномаҳои MS Excel, Word, PowerPoint ва ғайраҳо;

Маҳорати идоранамоии тим (команда);

Шароити хуби кори:

Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;

Пардохти алоқаи мобилӣ;

Омузишҳо ва тренингҳо;

Имконияти болоравии мансабӣ.

Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.

Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj

Муҳлати охирин барои қабули CV то 20 январи соли 2025.

Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55


Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.

Описание компании
ҶДММ ТАКХ ЛОЛС "МОЛИЯ" бо мақсади густариши ҳадафҳои фарогир дар соҳаи бонкдорӣ ва таъмини хизматрасонии дастрас ба мизоҷон дар ҳама минтақаҳои кишварамон филиал ва марказхои хизматрасонии худро кушода истода, мутахассисони таҷрибадорро бо маоши хуб ба кор даъват ва таъмин менамояд.