Хазинадор дар филиали н.Қубодиён полный рабочий день

13 мар 2025   Финансы, банк   Кабодиён   21 просмотров
Подробности вакансии

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

Ба мизоҷони ТАҚХ ФИНКА бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;

Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;

Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;

  • Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;
  • Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;
  • Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои ифтитоҳдиҳанда (инаугуратор) ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.
  • Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;

Ихтисоси матлуб:

  • Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;
  • Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;

Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);

Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;

Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;

  • Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 27 марти соли 2025 ба суроғаи н. Қубодиён, кӯч. И. Сомони 208 ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: 93 119 3196

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!

Описание компании
ООО МДО "ФИНКА" предоставляет микрокредиты и финансовые услуги предпринимателям малого бизнеса в 26 регионах Республики Таджикистан и планирует активное расширение деятельности и регионального присутствия, а также внедрение новых банковских продуктов. ООО МДО "ФИНКА" является дочерней компанией FINCA Impact Finance (г. Вашингтон, округ Колумбия, США), в которую входят 16 микрофинансовых учреждений и банков, расположенных по всему миру.