Бухгалтери полный рабочий день
3 авг 2025 Бухгалтерия, аудит Душанбе 205 просмотровПодробности вакансии
Ҷойи фаъолият: Душанбе (ё мувофиқи шарт)
Навъи шуғл: Вақти пурра
Маош: Аз 4000 сомонӣ, бо бонусҳо вобаста ба натиҷаҳо то 8000 сомонӣ
Safari Group дар ҷустуҷӯи як бухгалтери пурмасъулият ва ботаҷриба аст, ки ҳисобу китоб ва таҳлили молиявии тамоми шохаҳои тиҷоратии ширкатро бар уҳда гирад. Ин вазифа кории доимӣ ва пурра аст.
Вазифаҳо:
Ҳисобу китоб ва назорати молия дар ҳамаи шохаҳои Safari Group (логистика, вагонҳо, пахта, мурғпарварӣ, нақлиёт ва ғ.)
Омода кардани ҳисоботи молиявӣ ва буҷаҳо
Назорати гардиши пул ва таҳлили вазъи молиявӣ
Омода ва пешниҳоди ҳисоботи андоз, мутобиқ бо қонунгузории ҶТ
Ҳамкорӣ бо роҳбарият барои беҳтар кардани равандҳои молиявӣ
Кор бо шӯъбаҳои дохилӣ барои ҳисоботи дақиқ
Талабот:
Таҷрибаи корӣ ҳамчун бухгалтер (на камтар аз 3 сол беҳтар аст)
Дониши хуби қонунгузории молиявӣ ва андозбандӣ дар Тоҷикистон
Қобилияти кор бо барномаҳои муҳосиботӣ (1C, Excel, ё шабеҳи он)
Қобилияти идоракунии ҳисоботи якчанд тиҷорат дар як вақт
Диққат ба ҷузъиёти молиявӣ, махфият ва масъулияти баланд
Забонҳо: тоҷикӣ (маҷбурӣ), русӣ (маҷбурӣ), англисӣ (афзалият аст)
Описание компании
instagram: @safarigrp.dubai