Корманди амалиётӣ дар шаҳри Душанбе полный рабочий день
7 апр 2025 Финансы, банк Душанбе 86 просмотровПодробности вакансии
ҶДММ ТҚХ ОКСУС яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд. ҶДММ ТҚХ ОКСУС, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.
Вазифаи ишғолкунанда: Корманди амалиётӣ (1 ҷой)
Ҷои фаъолият: филиал дар шаҳри Душанбе
Вазифаҳои асоси:
- Санҷиши мизоҷон дар барнома.
- Барои ба барнома вориди маъломот шахси ҷавобгар мебошад;
- Ба қайд гирифтани аризаҳои воридшаванда барои қарзгирӣ дар барнома;
- Масъул будан барои ҳифзу нигаҳдошти парвандаҳои қарзӣ;
- Назорат ва нигоҳ доштани бойгони.
Талаботҳои тахассусӣ:
- Маълумоти олӣ/олии нопурра, миёнаи махсу;
- Маҳорати иртиботии хуб. Донистани забони тоҷики (донистани забони руси ва англисӣ афзалият дорад);
- Таҷрибаи кори дар дигар ташкилотҳо афзалиятнок ба ҳисоб меравад;
- Маҳорати хуби кор бо компютер;
Шароити хуби кори:
Пардохти алоқаи мобилӣ;
Сари вақт гирифтани музди меҳнат;
Омузишҳо ва тренингҳо;
Имконияти болоравии мансабӣ.
Ба занҳо афзалият дода мешавад.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва номаи ҳавасмандкуниро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд:ш. Душанбе, х. Рудакӣ 7
ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: recruitment@oxus-tj.org
Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 18 апрели соли 2025.
Рақами телефон:
(992) 98 951 00 10
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.