Мутахассиси хизматрасонии техникӣ полный рабочий день

31 июл 2025   IT, компьютеры, интернет   Турсунзаде   76 просмотров
Подробности вакансии

Мутахассиси хизматрасонии техникӣ дар шахрхои Турсунзода, Хисор

Ширкати мо ҷиҳати рушди фаъолият ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, мутахассиси ботаҷриба ва фаъолро ба кор даъват менамояд.

Талабот:

- Донистани принсипҳои кор бо таҷҳизоти техникӣ ва бартарафсозии мушкилиҳо;

- Салоҳияти хуби муошират бо мизоҷон;

- Қобилияти кор дар муҳити серкор ва мустақилона ҳал кардани масъалаҳо;

- Таҷрибаи корӣ дар соҳа (афзалият дорад).

Вазифаҳои асосӣ:

- Машварат ва кӯмак ба мизоҷон оид ба масъалаҳои техникӣ;

- Назорат ва хизматрасонии даврии таҷҳизот;

- Бартарафсозии саривақтии носозиҳо.

Соати корӣ ва шартҳо:

Рӯзҳои корӣ: панҷрӯзагӣ (душанбе то ҷумъа)

Соати корӣ: аз 08:00 то 17:00

Маош: 4 000 сомонӣ

Мо пешниҳод мекунем:

- Муҳити кории устувору дӯстона;

- Имконияти омӯзиш ва рушди касбӣ;

- Маоши саривақтӣ ва имконияти пешравӣ;

- Ҷойи кори бароҳат ва устувор.

Барои ирсоли резюме: Info@tgroup.tj

Телефон барои тамос: 976777788

Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед то якҷоя рушд намоем!

Описание компании
ҶДММ Технология Групп ширкати IT-Интегратор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ширкати мо соли 2021 таъсис ёфтааст ва дар айни замон зиёда аз 50 мутахассиси соҳибихтисос дорад. Мо ҳалли навтарини соҳаи IT ва технологияҳои пешқадамро пешниҳод менамоем.