Менеҷери фурӯши хизматрасониҳои бонкӣ дар ш.Хуҷанд полный рабочий день
13 янв 2025 Финансы, банк Худжанд   16 просмотровПодробности вакансии
Тими мо менеҷери фурӯши хизматрасониҳои бонкиро меҷӯяд, ки босалоҳият маслиҳат диҳад, маҳсулоти Бонкро пешниҳод кунад ва фурӯшад. Агар рушд ва пешравӣ ҳадафҳои асосии шумо бошанд, ба мо ҳамроҳ шавед
Кор дар IBT ин:
- Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаи хуб ва низоми шаффофи KPI
- Шартҳои махсус барои хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо ба ғизо ва алоқаи корпоративӣ
- Тренингҳо, машғулиятҳо ва курсҳои мунтазам барои рушди касбӣ
- Фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои нишон додани тавоноии худ
Вазифаҳои асосии шумо:
- Фаъолона пешниҳод ва машварат додани мизоҷони нав дар бораи маҳсулот ва хидматҳои IBT
- Нигоҳ доштани муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон, таҳлил ва рушди пойгоҳи муштариён
- Дастгирии муштариён дар коркарди маҳсулоти асосӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо
- Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳо
Ин кор барои шумо мувофиқ аст, агар шумо:
- Мутахассиси дорои маълумоти миёна, нопурра ё олӣ мебошед
- Бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дониши грамматикӣ ва гуфтори фаъол доред
- Мехоҳед гуруи фурӯш шавед ва малакаҳои самаранокро омӯзед
- Мехоҳед дар соҳаи бонкдорӣ касб бунёд кунед
- Муносиб, мақсаднок, ташаббускор ва ҳамеша омода ба кӯмак ҳастед
Дар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шавед
Телефони Маркази тамос: 1155
Описание компании
Работа для тех, кто достигает целей. У нас каждый сотрудник играет ключевую роль в развитии инноваций, обеспечении высокого уровня обслуживания клиентов и внедрении технологических решений, которые делают банковские операции проще и понятнее. Присоединяйтесь к команде IBT и решайте амбициозные задачи, достигая значимых результатов и становясь лучшим каждый день