Менеҷер оид ба фуруши орд полный рабочий день

29 июл 2025   Продажи, закупки   Душанбе   122 просмотров
Подробности вакансии

Мо дар ҷустуҷӯи менеҷер оид ба фурӯши орд

Салом

Мо Корхонаи воридкунандаи орд аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳоло ба дастаи мо як мутахассиси фаъолу ботаҷриба менеҷер оид ба фурӯши орд лозим аст. Мо мекобем шахсеро, ки танҳо кор иҷро намекунанд, балки воқеан ба натиҷа таъсир мерасонад.

Вазифаҳои асосӣ:

Пайдо кардани мизоҷони нав дар самти фурӯши орд (нонбойхонаҳо, нуқтаҳои пухту паз, нуқтаҳои фурӯши орд ва ғ), пеш бурдани кор бо мизоҷони мавҷудбуда, муошират бо мизоҷон, гирифтани дархости мизоҷон, таъмини пардохт ва андешидани чораҳо барои рўёнидани маблағ.

Мо шахсеро меҷӯем, ки:

Таҷриба дорад дар соҳаи фурӯши орд

Масъулиятшинос аст, фикри стратегӣ дорад ва ба натиҷа нигаронида шудааст.

Дар муошират озод аст, дар гурӯҳ хуб кор мекунад ва аз мушкилиҳо наметарсад.

Агар шумо 100 % ба талабот мувофиқат накунед, вале ҳис мекунед, ки шахси моед - ҳатман муроҷиат намоед.

Шароити корӣ:

Формати кор: омехта

График: мутадил

Афзалиятҳо: маоши афзоишёбанда вобаста ба иқтидори корӣ, омузиши ройгон, пардохти хароҷотҳои роҳ алоқа, кор дар колективи дустона, муҳити ором

Барои мурољиат:

Ба мо нависед ба Watsapp +992 907885011 ё ба почтаи электронии корхона llc.tradeandbusiness@gmail/com резюмеи худро фиристед.

Агар мехоҳед ки фарқ кунед нависед ки кадом қисми эълон Шуморо ҷалб кард ва чаро мехоҳед бо мо бошед.

Каме дар бораи мо:

Ҷамъияти мо ба воридоти орд аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва фурӯши он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад. Сифати орди мо ба талаботи бозори Тоҷикистон ҳаматарафа ҷавобгӯ буда алакай миқдори муайяни муштариёни худро дорад. Колективи дустонаи корӣ, муҳити ором, маоши рақобаткунандаи тағйирёбанда вобаста ба иқтидори кор сифатҳои фарқкунандаи корхонаи мо ба ҳисоб мераванд.

Мехоҳед бо дастае кор кунед, ки саҳми ҳар нафарро қадр мекунад ва имкони рушд фароҳам меорад?

Хуш омадед мо Шуморо мекобем.

Описание компании