Мудири МХМХ дар н. Восеъ полный рабочий день

18 мар 2025   Топ-менеджмент, руководство высшего звена   Восе   31 просмотров
Подробности вакансии

Ташкилоти қарзии хурди Фуруз фаъолияти худро соли 1999 дар доираи барномаи Рушди соҳибкории хурд-и Ташкилоти хайриявии Миллениум оғоз кардааст. Баъдан соли 2006 пас аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, Фуруз худро хамчун Ташкилоти қарзии хурд ба қайд гирифтааст. Соли 2022 бо Қарори Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди Фуруз соҳиби Иҷозатнома (лицензия) барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардид.

Муассисони ташкилот шаҳрвандони Сингапур, Олмон, Швейтсария ва ИМА мебошанд. Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва дар ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ ва Рудакӣ фаъолият доранд.

Вазифаи кор:

Пеш бурдани фаолияти МХМХ бо ҳамроҳи менеҷери қарзӣ;

Ҳадафҳои ташкилотро оиди сандуқи қарзӣ, даромаднокӣ, идоракунии хавфҳо ва ғайраҳо дар МХМХ-и зертобеъи худ амалӣ намудан;

Иштирок дар Кумитаи қарзӣ, таҳлил кардани хатари қарзӣ;

Идоракунӣ ва пешбурди кормандон (самаранокӣ ва фаъоляти кормандонро назорат бурдан) ;

Намояндагӣ намудани ташкилот бо хадамотҳои гуногуни давлатӣ ва шарикони ташкилот.

Талабот:

Маълумоти олӣ;

На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар қарздиҳӣ;

Таҷриба ва малакаи идоракунии кормандон;

Таҷрибаи иштирок дар кумитаҳои қарзӣ, таҳлили тиҷорат;

Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ забони англисӣ афзалтар дониста мешавад;

Доштани имконияти ба сафарҳои хизматӣ рафтан ва ҳангоми зарурат кор кардан зиёда аз вақти кории муқарраргардида;

Малакаҳои кор бо компютер, маҳорати кор бо ҷадвалҳои электронӣ ва муҳаррирони матнӣ.

Довталабони ҳавасманд метавонанд анкетаи худро (CV ё резюме) ба почтаи электронии hr@furuz.tj равон намоед.

Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.

Телефон барои маълумот: 988 22 02 91; 988-35-08-48,

Описание компании
Microcredit Deposit Organization FURUZ LLC has been providing micro and medium loans in Tajikistan since March 2006. FURUZ ranks sixth among lending institutions in terms of loans disbursed, and in some districts has gained up to 15% of the market share. FURUZ's mission is to provide loans for the development of small and medium businesses and job creation. More than 160 employees work in FURUZs Head Office in Bokhtar city and in other service centers across the country. The founders of the organization are from Europe, USA and Singapore.