Авторизуйтесь, чтобы получить быстрый доступ к лучшим предложениям. Нажмите сюда, если у вас нет аккаунта.

ХАЗИНАДОР дар филиали н. Рӯдакӣ полный рабочий день

9 июл 2024   Финансы, банк   Рудаки   65 просмотров
Подробности вакансии

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

  • Ба мизоҷони ТАҚХ ФИНКА бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;
  • Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;
  • Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;
  • Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;
  • Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;
  • Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои ифтитоҳдиҳанда (инаугуратор) ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.
  • Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;


Ихтисоси матлуб:

  • Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;
  • Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ
  • Донистани кор бокомпютер (барномаҳои Word, Excel);
  • Донистанизабонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;
  • Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 22 июли соли 2024 ба суроғаи н. Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯч. И. Сомонӣ 30/3, идораи ФТАҚХ ФИНКА ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (+992) 93 500 14 17

ҶДММ ТАҚХ ФИНКА тарафдори фароҳам овардани имкониятҳои баробари касбӣ барои мардон ва занон аст, аз ин рӯ моҳамаи занони соҳибихтисосро даъват менамоем, ки дар ин озмун фаъолона ширкат варзанд.

Барои таваҷҷуҳатон ба ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!

Описание компании
ООО МДО "ФИНКА" предоставляет микрокредиты и финансовые услуги предпринимателям малого бизнеса в 24 регионах Республики Таджикистан и планирует активное расширение деятельности и регионального присутствия, а также внедрение новых банковских продуктов. ООО МДО "ФИНКА" является дочерней компанией FINCA Impact Finance (г. Вашингтон, округ Колумбия, США), в которую входят 20 микрофинансовых учреждений и банков, расположенных по всему миру.