Ҷонишини Сармуҳосиб полный рабочий день
11 ноя 2024 Финансы, банк Бохтар (Курган-Тюбе)   53 просмотровПодробности вакансии
Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд ФУРӮЗ аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш.Душанбе, ш.Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Дар Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд ФУРӮЗ зиёда аз 150 корманд дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8 то марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаҳои асосӣ:
- Ташкил намудани баҳисобгирии бухгалтерӣ ва назоррати умумии дуруст таҳия намудани сабтҳои муҳосибӣ аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда;
- Тартиб додани ҳисоботи молиявӣ барои истифодабарандаи беруна ва дохилӣ;
- Тафтиши дурустии баҳисобгирии музди меҳнат ва бонусҳои кормандон;
- Ташкил намудан ва назорати дурусти баҳисобгирии андоз, риоя намудани қонунгузории андоз ва таҳти назорат қарор додани тағйиротҳои қонунгузории андоз;
- Ҳамкори ва ҳамоҳангсозии кор бо аудиторҳои беруна, инспекторони БМТ, мақомоти андоз ва дигар мақомотҳои дахлдор;
Талабот:
- Таҷрибаи кории молиявӣ (муҳосибӣ) дар соҳаи бонкӣ/қарздиҳии хурд на камтар аз 3 сол (инчунин таҷрибаи роҳбарикуни афзалиятнок шуморида мешавад);
- Маълумоти олӣ аз рўи ихтисоси муҳосиб,аудит ва ё молия;
- Донистани қонунҳои амалкунанда ва санадҳои нормативӣ аз рӯи ҳисоби муҳосибӣ ва андозситонӣ;
- Қобилияти аъло доштан дар таҳлили молиявӣ;
- Малакаҳои хуби кории компютерӣ: Ms. Excel, Word,
- Покизакорӣ ва масуълиятшиносӣ, малакаҳои аълои муошират;
- Дорандаи сертификатҳои CAP ва CIPA ва ғ. афзалият дода мешавад
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии хурд Фуруз дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 7272;
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.