Авторизуйтесь, чтобы получить быстрый доступ к лучшим предложениям. Нажмите сюда, если у вас нет аккаунта.

Сардори раёсати танзими гардиши ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ полный рабочий день

21 авг 2024   Государственные службы   Душанбе   108 просмотров
Подробности вакансии

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

- донистани забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

- донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

- маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун

  1. Ариза ба унвонии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  3. Тарҷумаи ҳол;
  4. 2-дона сурати рангаи андозаи 4 х 6;
  5. Нусхаи шиноснома;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  10. Эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
  14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  15. Гувоҳнома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ;
  16. Маълумотнома (объективка) дар шакли чопӣ ва электронӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47, шуъбаи кадрҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ бинои Тоҷиксодиротбонк), телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-02-42, 221-00-61.

Эзоҳ:

  1. Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
  2. Тибқи талаботи банди 3 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъалаҳои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2024, 798 бо мақсади вусъат додани фаъолияти корӣ ҳармоҳа тибқи тартиби муқарраргардида ба кормандони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулии яккаратаи музди меҳнати муқарраршуда пардохт карда мешавад.
  3. Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи нашри якуми эълон дар нашрияҳои расмӣ 21 рӯз муайян карда мешавад.
Описание компании
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон