Роҳбари идораи амалиётҳо ва назорати қарзӣ полный рабочий день
25 сен 2024 Финансы, банк Душанбе   71 просмотровПодробности вакансии
АБМХ ҷои кори холиро барои вазифаи Роҳбари идораи амалиётҳо ва назорати қарзӣ барои Саридораи Бонк эълон менамояд.
Сардори идораи амалиётҳои қарзӣ масъули назорати қарз ва идоракунии амалиётҳои қарзӣ буда, сифати сандуқи қарз ва ҷавобгӯ будани амалиётҳои қарзӣ бо дастурамалҳо ва қоидаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро назорат мекунад. Илова бар ин, шахси мазкур бояд барои пурзӯр кардани Сиёсати қарзии бонк ва идоракунии фаъолиятҳои қарзии ҳаррӯза, беҳтар намудани амалиётҳои бонкӣ ва риояи дастурамалҳо, боло бурдани сатҳи кастбияти кормандон ва коҳиш додани хавфҳои вобаста ба қарзҳои бонк масъул мебошад.
Дар дар маҷлисҳои ҳайати роҳбарият иштирок намуда, дар муайян кардани стратегияи умумӣ ва самти фаъолияти Бонк саҳм мегузорад.
Аз номи банк дар нишастҳои дохилӣ бо дигар тарафҳои дахлдор (Саҳҳомон) ва нишастҳои хориҷӣ (сармоягузорон, донорҳо, Бонки Миллӣ ва дигар мақомоти танзимкунанда) намояндагӣ мекунад;
Талаботҳо:
Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ
Доштани таҷрибаи корӣ бештар аз 5 сол дар соҳаи бонкдорӣ
Доштани таҷрибаи идоракунӣ бештар аз ду сол
Донистани забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
Дониши хуби қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Дониши хуби дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@fmfb.com.tj ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгӯ ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.