Муовини сармуҳосиб полный рабочий день
17 окт 2024 Финансы, банк Душанбе   133 просмотровПодробности вакансии
ҶДММ ТАҚҲ Пайванд Гуруҳ барои ишғоли вазифаи муовини сармуҳосиб довталабонро ба кор даъват менамояд.
Уҳдадориҳои асосӣ:
Омода намудани ҳисоботҳои ҳаррӯза ва моҳона ба БМТ, Агентии омор, Кумиатаи андоз ва суғуртаи иҷтимоӣ;
Назорати амалиётгарони бэк-офис дар ташкилот ва МХМХ-ҳо, омӯзонидани онҳо, сарпарастӣ ва баҳодиҳӣ;
Иштирок дар таҳия/такмили бизнес-равандҳо;
Пешбурди баҳисобгирӣ ва танзими амалиётҳои баҳисобгирӣ;
Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ташкилот;
Муайянкунӣ ва ислоҳи маълумотҳои нодуруст;
Пешбурди кор, назорат ва таҳия намудани санадҳои муқоисавӣ бо агентҳои бонкии пардохтии бонкӣ;
Донистани низоми автоматикунонии бонкӣ (АБС)
Дуруст тартиб додани ҳуҷҷатҳои амалиётӣ, хазинавї ва ҳуҷатҳои аввалияи муҳосибавї;
Талаботҳои асосӣ:
Маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот);
Таҷрибаи корӣ на кам аз 5-сола дар соҳаи бонкӣ;
Сертификати CAP - бартари дорад;
Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;
Қобилияти робитасозӣ ва муошират;
Доштани имконият ба сафарҳои хизматӣ рафтан;
Саводнокии компютерӣ (Word, Excel, PowerPoint, Internet, Outlook,) ва барномаҳои бонкӣ.
Шартҳо:
Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа
Музди меҳнат шартномавӣ
Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хоҳишмандон метавонанд, резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот info@payvand.tj то санаи 30.10. 2024 сол ирсол намоянд.