Авторизуйтесь, чтобы получить быстрый доступ к лучшим предложениям. Нажмите сюда, если у вас нет аккаунта.

Тренерони бо таҷрибаро барои гузаронидани омӯзишҳо оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва механизмҳои пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон даъват менамояд свободный график

15 мая 2024   Образование, наука   Душанбе   105 просмотров
Подробности вакансии
Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо: 31.05.2024
Таҷрибаи корӣ (гузаронидани тренингҳо): На кам аз се сол
Ҷойгиршавӣ: ш. Душанбе, Вилоятҳои Тобеи Ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд.
Навъи шартнома: Шартномаи хидматрасонӣ кӯтоҳмуддат

Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ созмониғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 44 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва бароирушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сарукор дорад. Созмони Good Neighbors International (GNIT)дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум,махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмакибашардустона фаъолият менамояд. Good NeighborsInternational (GNIT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, азқабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират,Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ваоҷонсиҳои донорӣ аз қабили ИттиҳодиАвруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳоикамбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳоибеҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд.

Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ барои он вуҷуддорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум боҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ баҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг,мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва мазҳаб эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад,ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.

Дар мувофиқа бо рисолати мо, Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонииодамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳоионҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарариҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад,махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолониосебпазир таҳаммулнопазир аст.

Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор васӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон вашарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ваҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон вакалонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзишиҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисобмеравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо бандимазкурро пурра дарк намудаанд вамувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.

Good Neighbors International (GNIT) дар ҶТ тренерони тахассусиро бароигузаронидани тренингҳои оид ба мавзӯи пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон ваҳамкории минбаъда бо онҳо дар доираи лоиҳаи Паст кардани сатҳи зӯроварӣнисбати кӯдакон: равиши муштарак ҷалб ва интихоб мекунад.

Уҳдадориҳо

1. Гузаронидани тренингҳо барои волидайн ва аъзоёни ҷомеа оид ба масъалаҳоиҷинояткории кӯдакон ва пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон, инчунин механизмҳоимуроҷиҳати кӯдакон дар мактабҳои такиягоҳии лоиҳа.

2. Гузаронидани тренингҳо бо намояндагони шуъбаҳои маориф, директорон,омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии такиягоҳӣ оид ба механизмҳоимуроҷиати хонандагон тибқи маводи барномаи таҳияшуда.

3. Ба омӯзгорон ва волидон оид ба роҳу усулҳои пешгирии зӯроварӣ нисбатикӯдакон ва механизмҳои муроҷиати онҳо маслиҳатҳо додан;

4. Мусоидат дар фароҳам овардани фазои эътимод, дастгирӣ ва ҳамкорӣ байнииштирокчиёни омӯзиш.

5. Дастгирии минбаъдаи иштирокчиён дар истифодаи донишҳои гирифташуда дарфаъолияти корӣ.

Талабот:

Таҷриба дар соҳаи маориф, психология ё соҳаҳои алоқаманд

Донистани асосҳои ҳуқуқи кӯдак, татбиқ дар шароити таълимва оила

Таҷриба дар гузаронидани тренингҳо ва кор бо иштирокчиёнигуногун.

Малакаҳои аълои муошират.

Омода будан ба нақшаи кории чандир.

Маълумотииловагиро дар бораи ҷойи кории холӣ ТАНҲО ҳангоми мусоҳиба гирифтан мумкин аст.

РЕЗЮМЕ ва ё ШАКЛИ АНКЕТАИ GOODNEIGHBORSGNT-Application-Form(анкетаи ташкилотро аз сомона боркашӣ намоед ва ё баташкилот муроҷиат намоед суроғадар зер нишон дода шудааст) ва ба суроғаиэлектронии зерин фиристед: gnt.humanresources@gmail.com ва

arina.nam@goodneighbors.org

Суроғаи ташкилот: ш.Душанбе, кӯч. Г. Завқибекова 34/3 (назди театри лухтак, СтадиониСпартак, Боғи бачагона).

Маълумотииловагиро оид ба ташкилот метавонед дар сомонаҳои зерин пайдо намоед:

www.goodneighbors.org

www.goodneighbors.tj

https://www.facebook.com/gntajikistan/

https://www.instagram.com/goodneighbors_tj/

https://www.linkedin.com/company/15834558/

Описание компании
Good Neighbors is an International non-profit humanitarian development NGO founded in Korea in 1991. Good Neighbors International works in 44 countries and focus on community development to protect childrens rights and encourage the self-reliance of community.
Good Neighbors exists to make the world a place without hunger, where people live together in harmony. Good Neighbors respects the human rights of the most vulnerable regardless of age, gender, culture, ethicity, disability and religion and helps them live in self-reliance.
In alignment with our mission, Good Neighbors believes that all peoples human rights should be respected, and we recognize that we have a responsibility to protect their rights and to prevent any form of harm. Therefore, Good Neighbors has zero-tolerance towards any action that leads to the physical, sexual and/or psychological harm, violence, exploitation and emotional abuse especially for children (any person under the age of 18), women and vulnerable adults.
Safeguarding and Protection from Sexual Exploitation and Abuse (PSEA) is everyones shared responsibility and all GN employees and partners are required to adhere to GNs Code of Conduct both during and outside working hours. Familiarization with and adherence to the GN Safeguarding Policy and Code of Conduct is an essential requirement of all employees and partners, in addition to related mandatory training. All employees and partners must ensure that they understand and act in accordance with this clause, please see https://www.goodneighbors.org/who/account .
Good Neighbors International in Tajikistan (GNIT) has been working in Tajikistan since 1998. The objective of GNIT is to improve the lives of people, especially children through education, community as well as emergency relief projects. GNIT is working with the key stakeholders such as Ministry of Education, Ministry of Health, Ministry of Labor and migration, Committee of Women Affairs, Local authorities, INGOs UN and donor agencies such as, EU, GIZ, UNICEF, WFP, and others in an integrated approach to connect poor and vulnerable communities to quality education, health, water and sanitation services.