Авторизуйтесь, чтобы получить быстрый доступ к лучшим предложениям. Нажмите сюда, если у вас нет аккаунта.

Внутренний младший аудитор полный рабочий день

3 сен 2024   Финансы, банк   Душанбе   57 просмотров
Подробности вакансии

ҶДММ ТҚХ Оксус яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд. OXUS Group инчунин дигар филиалҳо дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд.ҶДММ ТҚХ Оксус, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойҳои холӣ даъват менамояд.

Вазифаи ишғолкунанда: аудитори дохилаи хурд (1 нафар)

Ҷои фаъолият: ш. Душанбе

Вазифаҳои асоси:

Мусоидат кардан ба гурӯҳи корӣ барои боварӣ ҳосил кардан бар он, ки хуҷҷатхои зарурӣ барои гузарондани аудит пурра тайёр карда шудаанд;

Мусоидат кардан ба гурӯҳи корӣ барои гузарондани ҳамаи намуди санҷишхо мутобиқи стандартхо ва дастурхои муайянкардаи шӯъбаи аудити дохила;

Мусоидат кардан ба гузарондани санҷишҳои иловагӣ оиди риоя кардани талаботхо ва тартибот мувофиқи стандартхо ва дастурхои муайянкардаи шӯъбаи аудити дохила;

Мусоидат кардан ба боварӣ ҳосил намудан оиди он, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои исбот кардани камбудиҳои ошкоршуда ҷамъ оварда шудаанд.

Пешниҳоди ҳисоботҳо оиди натиҷаҳои санҷишҳои гузарондашуда ба Сардори гурӯҳи корӣ ва Сардори шӯъба;

Боварӣ ҳосил намудан оиди он, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои исбот кардани камбудии ошкоршуда ҷамъ оварда шудаанд ва ба Сардори шӯъбаи аудити дохила пешниҳод кардани онҳо;

Талаботҳои тахассусӣ:

Маълумоти олӣ дар иқтисодиёт ва соҳаҳои алоқаманд;

Маҳорати иртиботии хуб. Донистани забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ( ҳадди ақал дараҷаи Pre-intermediate);

Ба дорандаи таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва соҳаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит афзалият дода мешавад;

Малакаҳои шахсӣ, қобилияти кор дар як даста;

Ҳисси баланди масъулият;

Шароити сафарҳои хидматӣ дар қаламрави Ҷумҳурӣ (60%-и фаъолият).

Шароити хуби корӣ ва музди маоши хуб кафолат дода мешаванд.

Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд:

ш. Душанбе, н. И. Сомони, 2 гузаргоҳи кучаи Шарқ 14

ё ин ки ба почтаҳои электронии зерин ирсол намоянд:

malohat.niyozova@oxus-tj.org ё ozoda.abbosova@oxus-tj.org

Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то соати 17:00 санаи 18 сентябри соли 2024.

Рақами телефон: (992) 98 951 00 10

Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.

Описание компании
MCO OXUS LLC is a member of the international network of OXUS Group providing financial services to small and medium enterprises and private individuals in Afghanistan, Kirgizstan and Tajikistan. MCO OXUS LLC operates in Tajikistan in the districts of Khatlon, Sughd regions as well as in Dushanbe city and Districts of Republican Subordination.