Авторизуйтесь, чтобы получить быстрый доступ к лучшим предложениям. Нажмите сюда, если у вас нет аккаунта.

Ҳуқуқшинос-коллектор полный рабочий день

25 июн 2024   Финансы, банк   Бохтар (Курган-Тюбе)   50 просмотров
Подробности вакансии

Фурӯз аз соли 2006 ҳамчун Ташкилоти Қарзии Хурд фаъолияти қарздиҳии худро оғоз намуда, соли 2022 соҳиби иҷозатнома барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ гардидааст ва фаъолияти худро то инҷониб ҳамчун Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд давом дода истодааст.

Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.

Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ фаъолият доранд.

Вазифаҳои асосӣ:

Ситонидани қарзҳои дермонда/мушкилситон;

Иҷрои нақшаҳои ҳармоҳа доир ба қарзҳои дермонда/мушкилситон;

Якҷоя бо мизоҷ роҳҳои ҳалли мушкилии ба миён омадаро барои ситонидани қарз ҷустуҷӯ намудан;

Омода намудани пешниҳодот ба Кумита қарзҳои дермонда оид ба қарзҳои дермонда ва иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи мазкур;

Дар ҳолати зарурӣ ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор барои ситонидани қарзҳои дермонда/мушкилситон.

Талабот:

Маълумоти олӣ ё миёна (дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ афзалиятнок дониста мешавад);

Доштани таҷрибаи корӣ дар гардонидани қарзҳои мушкилситон, корманди қарзӣ ё таҷрибаи корӣ дар мақомотҳои қудратии давлатӣ;

Малакаи хуби муомила, таҷрибаи идоракунии cӯҳбатҳо/ҳолатҳои душвор;

Маҳорати хуби муошират ва кор дар даста;

Дониши компютерӣ (Word/Excel);

Қобилияти корбарӣ дар муҳити тағйирёбанда ва сафарҳои хизматӣ рафтан.

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи Фурӯз дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.

Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 7272

Описание компании
Микрокредитная депозитная организация FURUZ предоставляет микро, малые и средние кредиты по республике с марта 2006 года. FURUZ занимает шестое место среди кредитных организаций по объему выданных кредитов, а в некоторых регионах завоевал до 15% доли рынка. Миссия FURUZ - кредитование для развития малого и среднего бизнеса, а также создание рабочих мест. В компании FURUZ работают более 120 сотрудников в головном офисе в г.Бохтар и в 8 центрах обслуживания. Основатели организации из Европы, Америки и Сингапура.