Кассир специалиста по информированию Отдела продаж и информирования Коммерческого департамента полный рабочий день

10 окт 2025   Продажи, закупки   Душанбе   244 просмотров
Подробности вакансии

ҶДММ Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр барои ишғоли вазифаи Хазиначӣ мутахассиси маълумотдиҳии Шуъбаи фурӯш ва маълумотдиҳии Департаменти тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд озмун эълон менамояд.

Талабот ба довталабон

Маълумоти олӣ;

Донистани забонҳои русӣ ва англисӣ, (ҳадди ақал дараҷаи B1 intermediate);

Малакаи кор бо компютер, аз ҷумла донистан ва истифода кардани шабакаи интернет, барномаҳои MS Word, MS Excel, MS Outlook, MS Power Point;

Масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои кор дар басти рӯзона ва шабона;

Малакаи хуби муошират;

Ба собиқаи корӣ дар соҳаи авиатсия ва қобилияти истифодабарии низомҳои фурӯши чиптаҳои авиатсионӣ (ба монанди Sirena Travel, Amadeus) афзалият дода мешавад;

Донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, Кодекси фазои ҶТ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба Хадамоти кадрҳо ва коргузории Ҷамъият пешниҳод намоянд.

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро бо таври электронӣ низ (бо формати .pdf) ба суроғаи Ҷамъият hr@somonair.com пешниҳод намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то 20 октябри соли 2025.

Барои арзёбӣ ва суҳбат номзадоне интихоб карда мешаванд, ки ба талаботи тахассусӣ мувофиқ бошанд.

Нишонӣ:

734003, ш. Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов 40

Тел.: (+992 44) 640 40 46, (+992 44) 640 40 55.

Нишонии электронӣ: hr@somonair.com

Масъул: Хадамоти кадрҳо ва коргузорӣ

Описание компании
Национальный перевозчик Республики Таджикистан